Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Котиби Раёсати авиатсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон

17.12.2019 21:57

16 декабри соли 2019 вохурии Сафири Тоҷикистон дар Покистон Исматулло Насредин бо Котиби навтаъйини Раёсати авиатсияи Ҳукумати Покистон ҷаноби Ҳассан Носир Ҷомӣ баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат мақсади ташрифи изҳори адаб ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарфайн иброз карда шуд.

Қайд гардид, ки бо вуҷуди таваҷҷуҳи зиёди ҳарду ҷониб барои рушди муносибатҳои иқтисодиву тиҷорат ва сайёҳӣ, набудани робитаҳои мустақими ҳавоӣ миёни ду кишвар барои пешбурди ин масъала мушкилиҳоро ба миён меоварад.

Ҳамчунин зарурати вохурии коршиносони сохторҳои марбутаи ду кишвар барои муҳокимаи ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти авиатсияи гражданӣ муҳим дониста шуд.

Умед карда шуд, ки бо тими нави Раёсати авиатсияи Покистон, ҳамкориҳо дар самти хатҳои нави парвоз ва кушодани хатсайрҳои барои ҳарду ҷониб манфиатнок пайгирӣ карда хоҳад шуд.

IMG-20191216-WA0005.jpg

 

Нигористон

Тақвим