Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Сардори Кумитаи Сардорони Ситодҳои Артиши Покистон

14.11.2020 19:47

13-уми ноябри соли 2020 вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Покистон Исматулло Насредин бо Генерал Надим Раза - Сардори Кумитаи Сардорони Ситодҳои Артиши Покистон баргузор гардид.

Дар оғози суҳбат ҷонибҳо аз вохӯрии аввалини худ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамкориҳои пурсамар ва ба сатҳи болоравандаи ҳарду кишварро, ёдовар шуданд.

Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакҳои воқеии Ҷумҳурии Исломии Покистонро дар самти мудофиа ва амният баланд арзёбӣ менамояд.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки ин ҳамкориҳо минбаъд низ тақвият дода шуда, корҳои ба нақшагирифташуда марҳила ба марҳила амалӣ мешаванд.

Ҳамасола иштирок намудани хизматчиёни ҳарбии ҷумҳурӣ дар бахшҳои омӯзишӣ, табодули таҷриба ва малакаҳои онҳо дар Покистон, мавзуи дигари суҳбат қарор дода шуд.

Генерал Надим Раза изҳор дошт, ки Покистон нисбати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ба хухсус Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи некбинона дошта, роҳҳои таҳким ва тақвияти ҳамкориҳоро барои баромадан ба сатҳу сифати нав, ҷӯё мебошад.

23-11.jpg

23-11-1.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg