Намоишгоҳи «Made in Tajikistan-2020»

23.11.2020 16:02

made-in-tajikistan-4-626x600.jpg

Ба таваҷҷуҳ мерасонем, ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба вазъи иқтисодии дар ҷаҳон баамаломада, бинобар ҳамагирии ҷаҳонии COVID-19 бо мақсади дастгирии соҳибкорон ва содиротгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон онлайн-намоишгоҳи «Made in Tajikistan-2020»-ро дар давраи аз 26 ноябр то 17 декабри соли 2020 ташкил мекунад.

Барои дидан намудан аз намоишгоҳи мазкур ҳавасмандон метавонанд аз суроғаи www.expotajikistan.tj истифода баранд. Маълумоти бештар дар сомонаи Палатаи савдо ва саноат www.tpp.tj ҷойгир шудааст. 

Нигористон

Тақвим