Раёсати Тоҷикистон дар СҲШ дар солҳои 2020-2021
10-уми ноябри соли 2020 ҷаласаи Шӯрои сарони аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, тариқи маҷозӣ ва таҳти раисии Федератсияи Россия баргузор гардид, ки яке аз масъалаҳои он, тасдиқи раисии кишвари нав дар соли 2021 ба шумор мерафт.
Раисии Созмони Ҳамкориии Шанхай барои соли 2021 аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд.
Ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки ба 20-солагии созмон рост меояд дар шаҳри Душанбе соли 2021 баргузор мегардад.
Муҳим ба ёдоварист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи болозикр, санаи баргузории ҷаласаи навбатӣ ва ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхайро, 16-17-уми сентябри соли 2021 дар Душанбе эълон намуд.
Пешниҳод аз тарафи ҳамаи кишварҳои аъзо ядилона дастгирӣ ёфт.
Барои амалисозӣ ва таҷлили чорабинии ҷашнӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ барои солҳои 2020-2021, Нақшаи чорабиниҳои асосии раёсат ва Нақшаи чорабиниҳои дохилидавлатиро тасдиқ намуданд, ки шумораи зиёди чорабиниҳои дараҷаҳои гуногунро дар бар мегиранд.
Дар чорабинии ҷашнӣ, иштироки зиёди роҳбарони баландмақоми кишварҳои аъзо ва нозир дар назар аст.
Барои гирифтани маълумоти бештар, лутфан ба торномаи мазкур: http://www.scosummit2021.tj/ ворид шавед.