Боздиди Сафири Точикистон аз вилояти Панчоби Покистон

05.03.2021 16:25

3 марти соли 2021 Сафири Тоҷикистон дар Покистон Исматулло Насредин ба Донишгоҳи Панҷоб дар шаҳри Лаҳор ташриф оварда бо муовини ректор профессор Ниёз Аҳмад ва дигар намояндагони ин Донишгоҳ мулоқот намуд. Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳоро дар соҳаи маориф миёни Тоҷикистон ва Покистон муҳокима намуданд. Дар рафти суҳбат таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб барои мубодилаи донишҷуён, омузгорон ва таҷриба изҳор гардид.

Сафир Исматулло Насредин дар рафти суханрониаш қайд намуд, ки ҳарду кишвар таърихан ва аз лиҳози фарҳанг ба якдигар пайваст мебошанд ва зарурати рушди робитаҳо миён мардум вуҷуд дорад. Сафир ҳамчунин аҳамияти ба роҳ мондани барномаҳои мубодилавиро миёни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Покистон қайд намуд.

Дар натиҷаи вохурӣ муовини ректори Донишгоҳи Панҷоб эълон намуд, ки барои довталабони тоҷикистонӣ бурсияҳоро пешниҳод менамояд ва довталабон метавонанд тирамоҳи соли 2021 барои таҳсил дар Донишгоҳи Панҷоб қабул шаванд.

Сафири Тоҷикистон ба Донишгоҳи Панҷоб китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих”-ро тақдим намуд.  

11-03.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg