15 июни соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон Исматулло Насредин Фиристодаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон ҷаноби Томас Никласонро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ба масъала ва мушкилиҳои минтақа ва ҷаҳон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Ҳамсуҳбатон дар масъалаи раванди гуфтушунидҳо дар Афғонистон, барқарор намудани сулҳу суботи устувор ва нақши кишварҳои минтақа дар ин самт, табодули назар намуданд.
