30 июни соли 2021 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Покистон Исматулло Насредин бо Мудири асосии иҷроияи Хатсайрҳои ҳавоии байналмилалии Покистон Маршали авиатсия Аршад Малик ва Мудири кулли Мақомоти авиатсияи граждании Покистон Хакан Муртазо баргузор гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани алоқаи ҳавоиро миёни Тоҷикистон ва Покистон муҳокима намуданд.
Мувофиқа карда шуд, ки сохторҳои авиатсияи граждании ҳарду кишвар масъалаи имкониятҳои оғози парвозҳоро баррасӣ менамоянд.