Супоридани Эътимоднома ба Президенти Миср

16.09.2021 19:13

15 сентябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ эътимодномаҳои худро ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ тақдим намуд.

Бо истифода аз фурсати муносиб дипломати тоҷик салому паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ, Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср расонида, таъкид дошт, ки Тоҷикистон алоқаманди таҳким ва густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо давлати бародари Миср ва мардуми соҳибистеъдоди он аст.

Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ ба  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дуруди самимӣ баён дошта, ба Сафири нави Тоҷикистон барору комёбӣ таманно намуд.

Screenshot-20210916-100142-Facebook.jpg

IMG-20210916-WA0000.jpg

 

 

 

 

 

 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg