Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Покистон

22.03.2022 11:31

21 марти соли 2022 дар шаҳри Исломобод дар ҳошияи нишасти 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ мулоқот намуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистонро дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ба вежа Созмони ҳамкории исломӣ табодули назар сурат гирифт.

Ҷонибҳо инчунин раванди амалисозии мувофиқаҳое, ки дар рафти сафарҳои сатҳи олӣ дар соли 2021 ба даст омада буданд, муҳокима намуданд.

Aks-bo-Vaziri-Pokistoni.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg