Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Покистон

22.03.2022 11:33

21 марти соли 2022 дар шаҳри Исломобод дар ҳошияи нишасти 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Имрон Хон баргузор шуд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯъи васеи масоили рушду тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи барои ҳар ду ҷониб судманд мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба амнияти минтақа табодули афкор намуданд.

Aks-bo-Sarvaziri-Pokistoni.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg