Бо мақсади ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат намудан барои тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбул фаъолияти худро оғоз намуд.
Ба ҳавзаи консулии Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбул шаҳрҳои Афёнкараҳисар, Анталия, Айдин, Баликесир, Билеҷик, Бурдур, Бурса,Чанаккале, Денизли, Эдирне, Испарта, Истамбул, Измир, Киркларели, Коҷаэли, Кӯтаҳя, Маниса, Мула, Сакаря,Такирдаг, Ушак ва Яловаи Ҷумҳурии Туркия дохил мешаванд.
Бинои Консулгарии генералӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбул, ноҳияи Бакиркой, маҳаллаи Карталтеппе, кучаи Йилдизтеппе №23 ҷойгир аст. Наздиктарин истгоҳи Метробус – истгоҳи “Инҷирлӣ” Наздиктарин истгоҳи метрои Мармарай – истгоҳи “Йенимаҳалле”