Қайди консулӣ

15.02.2020 09:21

«Қайди консулӣ»

Қайди консулӣ чист?

Қайди консулӣ – шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хоҳиши худ ба Консулгарии генерали Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дар бораи ҷойи истиқомати муваққатӣ/доимӣ, ҷойи кор/таҳсил ва дигар маълумоти тамоси худро пешниҳод менамояд. Маълумоти мазкур метавонад дар ҳолатҳои зарурӣ (масъалан: қатъ гардидани алоқа бо хешовандон ва наздикон)  ба хешовандони/наздикони ӯ барои барқарор намудани алоқа/тамос кумак намояд.  

 

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувақаттан ва ё дар асоси доимӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Туркия кору зиндагӣ ва ё таҳсил мекунанд, тавсия дода мешавад, ки худро дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гиранд.

Барои ба қайди консулӣ гирифтан шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

  1. Ариза ба номи Консулгари
  2. Нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқуқнандаи шахсият (шиносномаи умумишаҳрвандии дохилӣ, шиносномаи хориҷӣ);
  3. Нусхаи шаҳодатномаи таваллуд;
  4. Маълумотнома оид ба ҷойи истиқомат дар кишвари иқомат;
  5. Маълумотнома аз ҷойи кор/таҳсил;

 

 

Ҳуҷҷатҳои болозикр ба Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истамбул шахсан пешниҳод карда мешаванд.

Эзоҳ: Бақайдгирии консулӣ ройгон мебошад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg