Таъйиди консулӣ чист?
Таъйиди консулӣ аз муайян намудан ва тасдиқи мувофиқати ҳуҷҷатҳо ва санадҳо ба қонунгузории давлате, ки онҳоро таҳия намудааст иборат буда, шаҳодати қонунӣ будани имзои шахси масъул ва мўҳри идораи салоҳиятдори он давлат дар ҳуҷҷатҳо ва санадҳо ҷиҳати истифодабарии онҳо дар давлати дигар мебошад.
Таъйиди консулӣ амали қонунии ҳуҷҷат ва санадҳоро дар муомилаи байналмиллалӣ тасдиқ менамояд.
Муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ҳуҷҷат ва санадҳоеро, ки барои истифода дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳокимияти минтақаи консулӣ ва ё бо иштироки онҳо таҳия гардидааст, таъйид менамояд. Ҳуҷҷат ва санадҳои барои таъйид пешниҳодшаванда, бояд қаблан дар Вазорати корҳои хориҷӣ ва ё дигар мақомоти салоҳиятдори расмии давлати иқомат таъйид шуда бошанд.
Муассисаҳои консулӣ метавонанд ҳақиқӣ будани имзо ва мўҳрҳои шахсони масъули ҳокимияти минтақаи консулӣ, ки салоҳияти таъйиди ҳуҷҷат ва санадҳоро доранд, ё бо иштироки онҳо тартиб дода шудаанд, дархост намоянд.
Дар сурате, ки Консул ба мувофиқати ҳуҷҷат ва санадҳои барои таъйид пешниҳодшуда бо қонунҳои давлати иқомат шубҳа пайдо намояд, ў ҳуқуқ дорад, ки барои тафсири расмӣ ба ҳокимияти давлати иқомат муроҷиат намояд.
Ҷиҳати таъйид, ҳуҷҷат ва санадҳо чӣ дар шакли нусхаи аслӣ ва инчунин нусхаҳои аз ҷониби нотариус тасдиқгардида қабул карда мешаванд.
Ҳуҷҷат ва санадҳои барои таъйид пешниҳодшуда бояд возеҳ ва фаҳмо навишта шуда бошанд. Имзои шахсони масъул ва мўҳри онҳо бояд рўшан ва хоно бошанд.
Кадом намудаи ҳуҷҷатҳо ғайри қобили таъйид мебошанд?
Нусхаи аслии ҳуҷҷат ва санадҳои зерин ғайри қобили таъйид мебошанд: шиноснома, шаҳодатномаи шахсӣ, шаҳодатномаи узвияти иттифоқи касаба, шаҳодатномаи ҳарбӣ, дафтарчаи меҳнатӣ, ҳуҷҷатҳое, ки мансубиятро ба табақа ё мазҳаб шаҳодат медиҳанд, шаҳодатномаи ронандагӣ, инчунин шаҳодатномаи техникӣ дар бораи бақайдгирии воситаҳои нақлиёт.
Барои анҷом додани таъйиди консулӣ чи гуна ҳуҷҷатҳо лозиманд?
- Ариза ба номи Консулгарии генералӣ;
- Нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият (шиносномаи дохилӣ, шиносномаи хориҷӣ);
- Асл ва нусхаи ҳуҷҷат ва ё санад, ки бояд таъйид карда шавад;
- Расид оид ба пардохти боҷӣ консулӣ.
Суратҳисоби бонкии Сафорат:
Бонки ЗИРААТ-шуъбаи Ешилкёй Суратҳисоби Долларии Консулгари |
|
Рақами суратҳисоб |
859-75616458-5002 Ешилкёй |
Ҳуҷҷатҳои болозикр ба Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истамбул шахсан пешниҳод карда мешаванд.