«Шиносномаи хориҷӣ ва шаҳодатномаи бозгашт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Тартиби додани шиносномаҳои хориҷӣ
ва шаҳодатномаи бозгашт
ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар асоси кадом санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаи хориҷӣ дода мешавад?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷорӣ намудани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошад" аз 20 феврали соли 2009, № 624
“Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 2 апрели соли 2009, № 203 тасдиқ шудааст.
Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбул ба кӣ шиносномаҳои хориҷӣ медиҳад?
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлати будубоши намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулӣ ва ё ҳавзаи консулии он истиқомати доимӣ ё будубоши муваққатӣ доранд.
Барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбул кадом ҳуҷҷатҳо зарур мебошанд?
-Ариза ба номи Консулгарӣ (шакли муқарраршуда);
-шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он;
-шиносномаи хориҷии эътибордошта ва нусхаи он;
-шаҳодатномаи таваллуд ва нусхаи он;
- шаҳодатномаи акди никоҳ ва нусхаи он (дар ҳолатҳои дахлдор);
-ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қонунӣ будани будубоши шаҳрванд дар кишвари иқомат (виза, корти иқомат);
-расид дар бораи пардохти хироҷи консулӣ.
Суратҳисоби бонкии Консулгари:
Бонки ЗИРААТ-шуъбаи Ешилкёй Суратҳисоби Долларии Консулгари |
|
Рақами суратҳисоб |
859-75616458-5002 Ешилкёй |
Ҳангоми барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ, Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбул бо мақсади муайян намудани мансубияти муроҷиаткунанда ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мансуб набудани ў ба шаҳрвандии давлати дигар метавонад ҳуҷҷатҳои иловагиро талаб намояд.
Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ чӣ бояд кард?
Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ дар хориҷа, соҳиби он бояд фавран ба мақомоти корҳои дохилии кишвари будубош, инчунин ба Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбул барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳояш ва гирфитани Шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан хабар диҳад.
Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна ҳуҷҷат аст?
Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин ҳуҷҷати муваққатии муайянкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқи ўро барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд ва ба мўҳлати на зиёда аз 30 рўз дода мешавад.
Шаҳодатномаи бозгашт танҳо барои баргаштани шаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, барои буду бош дар хориҷа асос шуда наметавонад. Шаҳодатномаи бозгашт ба шахси муроҷиаткунанда то баргаштани ў ба Ватан танҳо як маротиба дода мешавад.
Барои гирифтани шаҳоданомаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом ҳуҷҷатҳо заруранд?
Ариза ба номи Консулгарӣ (шакли муқарраршуда);
Нусхаи шиносномаи дохилӣ;
Нусхаи шиносномаи хориҷӣ;
Ду адад сурат (3х4).
Судури шиносномаи хориҷӣ дар кадом ҳолатҳо рад карда мешавад?
Ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад муваққатан дар ҳолатҳои зерин додани шиносномаи хориҷӣ рад карда шавад, агар: