Cанаи 02 майи соли 2022 бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул дар ҳамкорӣ бо ширкати “EDU Turkey” ҷамъомади идона бо иштироки кормандони Консулгарӣ ва донишҷӯёни тоҷикистонии муқими Истанбул баргузор гардид.
Зимни суханронии хеш корманди масъули Консулгарӣ ҳозиринро ба муносибати иди саиди Фитр таҳният гуфта, ба донишҷӯён дар таҳсилашон муваффақият орзу намуда, онҳоро ба хониши хубу аъло ва баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ даъват кард.