Рӯзи 6 майи соли 2022 мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул Мурод Саидзода бо Президенти Фонди тадқиқоти стратегӣ ва иҷтимоии Мармара доктор Аккан Сувер баргузор гардид.
Зимни мулоқот мавзӯи баргузории 25-умин Саммити иқтисодии кишварҳои Авруосиё (7-9 июни 2022, Истанбул) ва иштироки ҳайати Тоҷикистон дар кори он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Фонди тадқиқоти стратегӣ ва иҷтимоии Мармара ҳамчун як ташкилоти мустақил дар соли 1985 таъсис ёфта, мақсади асосиаш муайян намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ, амниятӣ ва ичтимоии кишварҳо тариқи барпо намудани вохӯриҳо, семинарҳо ва конфронсҳо мебошад.