Суҳбати телефонӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко

05.10.2022 11:52

Имрӯз  суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия муҳтарам Валентина Матвиенко доир гардид.

Роҳбари Палатаи болоии парламенти Русия бо изҳори таманниёти самимии саломатии бардавом ва комёбиҳои минбаъда дар маснади олии давлатӣ, Пешвои миллатро бо зодрӯзашон табрик намуданд.

Сарвари давлати мо ба Валентина Матвиенко барои табрикоташон самимона изҳори сипос намуданд.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои алоҳидаи пешбурди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ,  ки дар таҳкиму таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии байни ду кишвар нақши муҳим мебозанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Роҳбари давлати мо зимни таъйиди авлавияти рушди пайвастаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо Русия,  изҳори боварӣ карданд, ки робитаҳои байни Тоҷикистону Русия минбаъд низ мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар рушд хоҳанд кард.

http://president.tj/node/29238

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg