Мулоқоти сеҷониба бо вазири экология ва захираҳои табии Ҷумҳурии Озарбойҷон

05.10.2022 17:59

3 октябри соли 2022 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқоти муштараки сеҷонибаи сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Солӣ, сафири Шоҳигарии Нидерланд Паулин Айземан ва ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Владанка Андреева бо вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон Мухтар Бабаев баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи ташаббусҳои байналмилалии оби Тоҷикистон, натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро (6-9 июни соли 2022, ш. Душанбе) баррасӣ карданд. Ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси дарпешистодаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба об, ки 22-24 марти соли 2023 дар ш. Ню-Йорк таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон омодагии худро барои ҳамкории фаъолона бо СММ ва кишварҳои ҳамраис ҷиҳати омодагӣ ба Конфронси дарпешистодаи об изҳор намуда, ҳамчунин пешниҳод намуд, ки бахшида ба Конфронси дарпешистодаи об дар Ню Йорк як қатор чорабиниҳои муштарак баргузор карда шаванд.

05,102022,20,02.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg