Брифинг дар мавзӯи Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»

25.11.2022 13:28

24 ноябри соли 2022 сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подшоҳии Нидерланд ва Дафтари ҳамоҳангсози доимии СММ дар шаҳри Анқара брифинг дар мавзӯи Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор намуд.

Дар баромади худ сафири Тоҷикистон оид ба Конфронси оби СММ дар соли 2023, ки дар шаҳри Ню-Йорк 22-24 марти соли 2023 баргузор мегардад, маълумоти мухтасар ироа намуда, иштирокчиёнро бо ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об, алалхусус Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028” шинос кард. Қайд гардид, ки имрӯзҳо дар баробари ташаббуси мазкур вобаста ба пешниҳоди дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва эълон намудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» низ корбарӣ рафта истодааст.

Ҳамзамон, дар чорабинӣ вобаста ба муҳтавои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, раванди омодагӣ ба конфронс, барнома, консепсия, инчунин дигар паҳлуҳои он аз ҷониби масъулини вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва дигар мақомоти дахлдори Тоҷикистону Нидерланд рӯнамо пешниҳод гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg