Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон

25.11.2022 15:05

23 ноябри соли 2022 дар шаҳри Ашқобод дар толори Кохи мукамҳои Маркази фарҳангии давлатии Туркманистон маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҳукумати Туркманистон, вазорату идораҳо, намояндагони корпуси дипломатии муқими Ашқобод, васоити ахбори омма, санъаткорон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои тахассусӣ иштирок намуданд.

Чорабиниро вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва вазири фарҳанги Туркманистон Атагелдӣ Шамурадов бо суханҳои шодбошӣ ифтитоҳ карданд.

Баъди суханронии ифтитоҳӣ консерти боҳашамати устодони санъати Тоҷикистон оғоз шуд, ки дар он лауреатҳои озмунҳои байналмилалӣ, ҳунармандони мардумӣ ва хизматнишондода, сарояндаҳои маъруфи эстрадӣ, инчунин навозандагон ширкат доштанд.

Ҳамчунин барномаи рӯзҳои фарҳангӣ инчунин намоиши муди “Либоси рангоранг”, муаррифии гавҳарҳои гаронбаҳо, асбобҳои мусиқӣ, маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, осори рассомон ва аксҳоро дар бар гирифт.

Чорабинии мазкур бо баргузории консерти калон дар театри давлатии драмавии дар шаҳри Мари хотима ёфт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg