Таҷлили ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами давлатӣ дар Боку

25.11.2022 15:12

24 ноябри соли 2022 дар шаҳри Боку ба муносибати 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, вакилони Милли Меҷлиси Озарбойҷон (аъзоёни Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ), намояндагони вазорату идораҳои Озарбойҷон, намояндагони корпуси дипломатии муқими Озарбойҷон ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ аз аҳамияти таърихии иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявии Тоҷикистон қайд намуд.

Дар рафти чорабинӣ ба иштирокчиён инчунин наворҳо оид ба дастовардҳои сиёсати дохилию хориҷӣ ва мавзеъҳои ҷолиби кишвар – «Тоҷикистон – гавҳари шарқ» намоиш дода шуд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg