21 феврали соли 2023 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истанбул Зоҳир Мирзозода бо Роҳбари Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия дар шаҳри Истанбул хонум Айше Сӯзен Услуер баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масоили дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангу маориф ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни вохӯрӣ З. Мирзозода ба ҷониби туркӣ дар робита ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон бар асари заминларзаи шадид дар минтақаҳои ҷанубу шарқии Туркия изҳори ҳамдардӣ намуд.
Ҷониби туркӣ дар навбати худ барои расонидани кумаки башардӯстона ва сафарбар намудани наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаҳои осебдида ба Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.
Ҷонибҳо омодагии хешро барои ҳамкорӣ ва мусоидат ҷиҳати рушди робитаҳои дуҷониба байни ду кишвар изҳор намуданд.