29 марти соли 2023 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истанбул Зоҳир Мирзозода бо Волии Истанбул Алӣ Йерликая баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масоили дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангу маориф ва вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни мулоқот ҷониби туркӣ Зоҳир Мирзозодаро ба муносибати таъйин гардидан ба мансаби Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истанбул табрик намуд.
Зимни вохӯрӣ З. Мирзозода ба ҷониби туркӣ дар робита ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон бар асари заминларзаи шадид дар минтақаҳои ҷанубу шарқии Туркия изҳори ҳамдардӣ намуд.
Ҷониби туркӣ дар навбати худ барои расонидани кумаки башардӯстона ва сафарбар намудани наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаҳои осебдида ба Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.
Ҷонибҳо омодагии хешро барои ҳамкорӣ ва мусоидат ҷиҳати рушди робитаҳои дуҷониба байни ду кишвар изҳор намуданд.