30-юми марти соли 2023 мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул З. Мирзозода бо Ректори Донишгоҳи Гелишими Истанбул профессор, доктор Баҳри Шаҳин баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мавзӯъҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи илму маориф, масъалаҳои марбут ба рушди муносибатҳои илмиву гуманитарӣ миёни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳи мазкур, аз ҷумла мубодилаи академикӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисон дар соҳаҳои мухталиф, имкони ҷудо намудани бурсияҳо ва шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар донишгоҳи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.