4 апрели соли 2023 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул З. Мирзозода бо Раиси Палатаи савдои Истанбул Шекиб Авдагич баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ, ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ ва танзими чорабиниҳои муштараки соҳавӣ миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия табодули афкор намуданд.
Дар ин росто, ҷонибҳо ҷалби сармоягузорони Туркия ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва афзоиш додани ҳаҷми табодули тиҷоратӣ байни ду кишварро муҳим арзёбӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ З. Мирзозода ба ҷониби туркӣ дар робита ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон бар асари заминларзаи шадид дар минтақаҳои ҷанубу шарқии Туркия изҳори ҳамдардӣ намуд.