Ҷаласаи 28-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон

03.12.2024 13:41

3 декабри соли 2024 дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи 28-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ кард.

С.Муҳриддин нақши муҳимми Тоҷикистонро дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии нақлиётӣ, коммуникатсионӣ ва энергетикӣ баён намуда, ҳамзамон омодагии ҷониби моро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба ва мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноату кишоварзӣ ва муҳити зисту сайёҳӣ иброз кард.

Ҳамзамон ба ибтикороти глобалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва рӯзномаи ҷаҳонии об ишора гардида, аз кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар охири моҳи майи соли 2025 дар ш.Душанбе фаъолона ширкат варзанд.

Аз натиҷаи ҷаласа Эъломияи Машҳад ва якчанд қарорҳои марбут ба фаъолияти созмон қабул гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan


Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg