Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи сафари худ ба Машҳад ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи 28-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ аз оромгоҳи шоири бузурги тоҷику форс Абулқосим Фирдавсӣ дар Тӯс дидан намуд.
Дар мулоқот бо масъулини оромгоҳи Фирдавсӣ ӯ таъкид кард, ки “Шоҳнома” ва Фирдавсӣ ба ҳамон андоза, ки ба эрониён дахл дорад ба тоҷикон низ тааллуқ дорад. Дар Тоҷикистон “Шоҳнома” аз хонданитарин китобҳои адабиёти классикии тоҷику форс маҳсуб мешавад.
Маҳз бо назардошти аҳаммияти “Шоҳнома” дар ҳаёти маънавии тоҷикон Пешвои миллати тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтанд, ки ба ҳар як хонаводаи тоҷик як китоби “Шоҳнома” ҳадя гардад. Фирдавсӣ аз бузургони муштараки тоҷикону эрониён маҳсуб мешавад ва пос доштани ӯ ва “Шоҳнома” пос доштани дӯстии Тоҷикистону Эрон аст.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan