Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ

04.12.2024 08:33

3 декабри соли 2024 дар ҳошияи ҷаласаи 28-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Машҳад мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асад М. Хон баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба натиҷаҳои ҷаласаи мазкур, инчунин роҳҳои густариши минбаъдаи робитаҳои гуногунҷанба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбутаи ин Созмон ибрози назар намуданд.

Таъкид гардид, ки дар соли 2024 Тоҷикистон мизбони се нишасти сатҳи баланд дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ буд, ки онҳо дар ҳамгироии минтақавӣ нақши муҳим доштанд.

Дар ин росто, омодагии Тоҷикистон барои мусоидат ба фаъолиятҳои минбаъдаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ зикр гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan


Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg