Таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон дар Вазорати корҳои хориҷӣ

04.12.2024 10:59

3 декабри соли 2024 ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон дар Вазорати корҳои хориҷӣ чорабинӣ бо мақсади муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи риояи ҳуқуқи инсон баргузор гашт.

Муовини вазир Фаррух Шарифзода қайд кард, ки Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ ҳамасола дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ 10-уми декабрро ҳамчун «Рӯзи ҳуқуқи инсон» ҷашн мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун иштирокчии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид заминаи мустаҳкамро барои рушди ҳамкорӣ дар ҷодаи таъмини риояи ҳуқуқи инсон бо ниҳодҳои СММ ба роҳ мондааст.

Дар чорабинӣ роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе сафир Вилли Кемпел ва намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи риояи ҳуқуқи инсон маъруза карданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg