17 апрели соли 2026 дар шаҳри Москва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии нуҳуми вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Россия» ширкат варзид.
Зимни нишаст роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои шашҷонибаро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи вежа ба раванди татбиқи мувофиқаҳои аз натиҷаи саммити дуюми сарони давлатҳои қолаби «Осиёи Марказӣ – Россия» дар шаҳри Душанбе ҳосилшуда, зоҳир гардид.
Дар суханронии хеш роҳбари ниҳоди сиёсати хориҷии Тоҷикистон зарурати гузариш ба иқтисодиёти “сабз”-ро таъкид намуда, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи энергетикаи барқароршаванда, ташаккули «кластерҳои сабз» ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим даъват ба амал овард. Бо назардошти нақши фаъоли Тоҷикистон дар дипломатияи ҷаҳонии обу иқлим, Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин пешниҳод кард, ки платформаи махсус ҷиҳати табодули технологияҳо ва таҷрибаҳои пешқадам дар доираи рӯзномаи экологӣ таъсис гардад.
Официальные страницы Министерства иностранных дел Республики Таджикистан в социальных сетях:
Мы в Фейсбуке: www.facebook.com/mfa.tj
Мы в Tвиттере: www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мы в Телеграме: t.me/mfa_tj
Мы в Инстаграме: instagram.com/mfa_tjk