Муносибатҳои Тоҷикистон бо Туркия

01.03.2013 07:10

Муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия

Ҷумҳурии Туркия аз аввалин кишварҳое буд, ки 29 январи соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф ва муносибатҳои дипломатиро бо кишвари мо барқарор намуд.  Соли 1992 дар Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Туркия ба фаъолият оғоз кард ва соли 1995  дар Анқара Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд.

Нахустин шуда соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Туркия Сулаймон Демилер ба Тоҷикистон сафар намуд ва бо ҳадафи густариши ҳамкориҳо ва заминасозии муносибатҳои оянда бо роҳбарияти олии Тоҷикистон мулоқот баргузор кард. Ин сафар дар вазъияти он замон мураккаби Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи он буд, ҷонибҳо барои густариши ҳамкориҳо азму иродаи қавӣ доранд.

Соли 1996 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари ҷавобӣ ба Ҷумҳурии Туркия сафар намуданд, ки ин  тасмим пас аз барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ ва ифтитоҳи сафоратхонаҳо  қадами  навбатӣ дар густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба буд.

28 ноябри соли 2021 дар шаҳри Ашхободи Ҷумҳурии Туркманистон дар доираи Саммити Сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган мулоқот анҷом доданд, ки идомаи тадбирандешиҳо дар роҳи рушди ҳамкориҳои барои ҳарду ҷониб судманд арзёбӣ мегардад. Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Туркия, вазъи ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста Сарвазир, роҳбарони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Туркияро ба ҳузур пазируфта, таъкид ба он меварзанд, ки имконот ва шароити феълан фароҳамовардашуда бояд самаранок ва ба нафъи ҳарду ҷониб истифода гардад, то дар тамоми бахшҳои ҳамкорӣ нишондиҳандаҳои чашмраси рушд ба даст оянд. Соли 2021 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия 390,5 млн. доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро  ташкил дод.

Маҷмуан, солҳои 2007-2021 ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус саноат, хизматрасонӣ ва савдо беш аз 221 млн. доллари ИМА (2%-и ҳаҷми умуми воридоти сармояи хориҷӣ) сармояи туркӣ, аз ҷумла 124 млн. доллари ИМА (2,2% аз ҳаҷми умуми воридоти сармояи мустақими хориҷӣ) сармояи мустақим ҷалб гардида, аз рӯи ин нишондодҳо Туркия мутаносибан дар мавқеи 14 ва 9 дар байни кишварҳои хориҷӣ ҷойгир шудааст.

Дар рушди ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ нақши муҳим дорад ва то имрӯз 11 нишасти Комиссия дар Душанбе ва Анқара баргузор гардидааст.

Намунаи олии ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Туркия ин бунёд ва ба истифода додани Корхонаи муштараки банду баст ва истеҳсоли автобусҳои  “Акиа Авесто индастри электроникс”  мебошад, ки дар шаҳри Душанбе фаъолияти худро бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз намуд. Ин коргоҳ дар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ автобусҳои мусофирбар истеҳсол менамояд, ки айни замон дар хатсайрҳои дохилишаҳрӣ ба таври васеъ истифода мегардад. Дар ин баробар, ифтитоҳ ва фаъолияти хуби Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани КОКА КОЛА низ самараи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия арзёбӣ мегардад ва имрӯз ин коргоҳҳо дар рушди истеҳсолот ва бахши саноат ҳиссаи чашмрас доранд.

Соли 2018 дар Вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи истеҳсолии “Арча мебел” ба фаъолият оғоз кард, ки ин коргоҳ низ дар доираи ҳамкориҳои самарабахши соҳибкорони тоҷику турк бо харҷи 9 миллион сомонӣ бо технологияи муосир бунёд гардидааст. Корхона ба истеҳсоли навъҳои гуногуни мебел барои хона, коргоҳ, боғча, муассисаҳои таълимӣ ва ғайра машғул аст. 

Ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар аз умқи таърих сарчашма мегиранд. Тоҷикистон ва Туркия дорои мероси фарҳангии муштарак мебошанд, ки ба номи мутафаккири бузург ва шахсияти ҷаҳонӣ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ вобастагии зич дорад. Дар ин замина бо ташаббуси ҳар ду ҷониб бахшида ба зодрӯзи ин мутафаккири барҷаста дар шаҳри Душанбе дар таърихи 19-20 октябри 2018 Симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Мавлоно – васлгари халқҳо ва тамаддунҳо” баргузор гардид.

Дар маҷмӯъ муносибатҳои Тоҷикистону Туркия хеле хуб роҳандозӣ шуда, ҳамасола дар ҳоли густариш мебошанд.

 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg