Мирзозода Зоҳир Тоҳир

19.12.2022 11:55

 

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Истамбул

Мирзозода Зоҳир Тоҳир

 

Мирзозода Зоҳир Тоҳир соли 1981 дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон  таваллуд шудааст. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, соли 2007 Донишгоҳи забон ва фарҳанги шаҳри Пекин ва соли 2012 Таълимгоҳи байналмилалӣ барои роҳбарони шаҳри Боннро хатм кардааст. Дорои маълумоти олӣ мебошад.

Аз соли 2002 то 2003 ба ҳайси мутахассис ва менеҷери шуъбаи муносибат бо ташкилотҳои хориҷии Маркази дастгирии соҳибкорони ш. Душанбе ифои вазифа намудааст.

Дар солҳои 2004-2007 ба ҳайси мутахассиси дараҷаи якум, минбаъдан сармутахассиси шӯъбаи саноат ва савдои Дастгоҳи раиси ноҳияи И.Сомонии ш. Душанбе фаъолият намудааст.

Мирзозода Тоҳир. солҳои 2007-2008 ҳамчуни мутахассиси пешбари шӯъбаи сармоягузории хориҷии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2008 то 2011 фаъолияти кории худро дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сармутахассис ва баъдан Сардори шуъбаи ташхисию таҳлилӣ идома додааст.

Соли 2011 ба вазифаи Сардори шӯъбаи ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Соли 2012 Сардори Раёсати пешбурди фаъолияти сармоягузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, то соли 2015 фаъолияти кории худро дар ин вазифа идома дод.

Аз соли 2015 то соли 2022 ба ҳайси роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ифои вазифа намудааст.

19 декабри соли 2022 Мирзозода Тоҳир. ба ҳайси Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия таъйин шудааст.

 Забонҳои русӣ, англисӣ ва немисиро медонад.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg