Рӯзи 8 сентябри соли 2019 дар шаҳри Истамбул бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истамбул Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маросими ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ҷашн гирифта шуд.
Дар чорабинӣ шаҳрвандони тоҷики муқими шаҳри Истамбул, ноҳияҳои гирду атрофи он, шаҳрвандони маҳаллӣ ва роҳбарони баъзе ширкатҳои тиҷоратӣ иштирок доштанд.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбул Мизробиддин Сафаров дар ифтитоҳи чорабинӣ оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар таҳти роҳбарии сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳамияти бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” сухан гуфт.
Дар фарҷоми суханронӣ Консули генералӣ ҳозиринро ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатии кишварамон ва ба кор даровардани агрегати дуюми НБО “Роғун”табрик намуд.