1 март интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

19.02.2020 18:31

1.jpg

Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки рӯзи 1 марти соли 2020 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Консулгарии генералӣ ташкил карда мешавад.
Ҳамзамон, қуттии сайёри овоздиҳи дар бинои Меҳмонхонаи “Буюк Париж” низ гузошта мешавад.
Шаҳрвандон метавонанд аз соати 06.00 то 20.00 дар маконҳои зикргардида овоз диҳанд.

Ба ин муносибат, аз ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он рӯз дар Ҷумҳурии Туркия қарор доранд ва то рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, эҳтиромона даъват менамоем, ки дар интихобот иштирок кунанд.

Барои раъйдиҳӣ шаҳрвандон бояд бо худ шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд.

Суроғаи Консулгари: 
Halkalı cad. No:14 Yeşilköy/İstanbul
Тел.: +02124265054

Суроғаи Меҳмонхонаи “Буюк Париж”: Mesih Paşa, Mesihpaşa Cd. No:49, 34130 Fatih/İstanbul

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg