28 майи 2020 гуфтугӯи телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу баргузор гардид.
Дар ҷараёни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия дар заминаҳои гуногун ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.
Дар рафти суҳбат инчунин ҳамкории ду кишвар дар соҳаи мубориза бо бемории ҳамагири СOVID-19 мавриди баррасӣ қарор гирифт.