Бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Туркия

12.08.2020 09:14

11 августи 2020 дар партави дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 186 шаҳрванди кишвар, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳо дар Ҷумҳурии Туркия дармонда буданд, бо парвози махсуси ширкати “Сомон Эйр” аз шаҳри Истанбул ба Душанбе баргардонида шуданд.

Қаблан, 26 июли соли ҷорӣ 174 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз кишварҳои дигар барои баргаштан ба Ватан ба шаҳри Истанбул омада буданд, бо ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба Душанбе оварда шуданд.

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg