Тоҷикистон бо Туркия парвозҳои мустақим барқарор менамояд

07.10.2020 12:51

Шурӯъ аз моҳи октябр парвози мустақими ҳавопаймоҳо дар масири Душанбе-Истанбул /Туркия/  барқарор мегардад.

 

Тасмими барқарор намудани парвозҳо дар масири Душанбе-Истанбул-тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии  бемории коронавирус-Ковид -19  ва бо назардошти риояи ҳатмии санитарию эпидемикӣ гирифта шудааст.

 Парвоз дар самти  Душанбе-Истанбул ҳафтае ду маротиба аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии «Somon Air»-и Тоҷикистон  ва «Turkish Airlines»-и Туркия сурат  мегиранд. Нархи чиптаҳои ҳавопаймо дар ин масир дар салоҳияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ қарор дорад.

 

Зимни парвоз мусофирон ҳатман бояд бо худ  ҳуҷҷати натиҷаи ташхиси тиббӣ оид ба манфӣ будани COVID-19  дошта бошанд, ки он пеш аз 72 соати парвоз дар ташхисгоҳҳое, ки ба таҳлили саломатии беморони марбут ба COVID-19 машғуланд,  ба таври ройгон дода мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки шурӯъ аз 20 марти соли равон Тоҷикистон парвозҳои ҳавопаймоҳоро дар иртибот  ба хуруҷи вируси COVID-19 ба бисёр кишварҳои дунё қатъ намуда буд, ки ҳадафаш пешгирӣ аз зуҳури ин вирус ва таъмини саломатии  аҳолии мамлакат арзёбӣ мегардид. Алҳол дар масири Душанбе –Дубай парвози мустақим  сурат гирифта, инчунин байни Душанбе  ва бархе аз шаҳрҳои Россия парвозҳои махсус барои овардани шаҳрвандони мамлакат анҷом дода мешаванд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg