Ба диққати мусофирони хатсайри Истанбул-Душанбе:
Зимни парвоз мусофирон ҳатман бояд бо худ ҳуҷҷати натиҷаи ташхиси тиббӣ оид ба манфӣ будани COVID-19 дошта бошанд, ки он пеш аз 72 соати парвоз дар ташхисгоҳҳое, ки ба таҳлили саломатии беморони марбут ба COVID-19 машғуланд, дастрас намоянд.
Ҳамзамон мусофирон метавонанд ташхиси тиббӣ оид ба манфӣ будани COVID-19, дар фурудгоҳи байналмилаи ш.Истанбул, ки натиҷаи ташхис дар муддати на камтар аз 10 соат омода мешавад, дастрас намоянд.
Бо эҳтиром,
Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Истанбул