Таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул

28.09.2021 17:27

23 сентябри 2021 бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истанбул чорабинии тантанавии расмӣ бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ намояндагони ниҳодҳои расмии Ҷумҳурии Туркия, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷӣ, волигии Истанбул, намояндагони муассисаҳои консулии муқими Истанбул, аҳли илму фарҳанг, намояндагони воситаҳои ахбори омма, роҳбарони якқатор ширкатҳои маҳаллӣ ва ҳамватанони муқими Истанбул иштирок намуданд.

Консули генералӣ М.Саидзода зимни суханронӣ аз аҳаммияти сарнавиштсози истиқлол сухан гуфта, онро дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, ки бо ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст, таъкид намуд.

Дар чорабинӣ муовини волии шаҳри Истанбул хонум Озлем Бозкурт иштирок намуда, зимни суханронӣ мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни фархундаи Истиқлол табрику таҳният гуфт.

Ҷашни Истиқлолиятро барномаи ҷолиби консертӣ, ки таҷассумгари таърихи бостонӣ, фарҳанги ғанӣ ва бозгуй аз анъанаҳои деринаи халқи тоҷик буд, пуршукуҳ гардонид. Ҳамчунин гӯшаи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол ташкил шуда, аксҳо, манзараҳои зебои кишвар, китобҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сиёсат ва таъриху фарҳанг ба намоиш гузошта шуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg