27 октябри соли 2021 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон дар Конфронси 8-уми вазирони кишоварзии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзӣ, ки дар шаҳри Истанбул баргузор гардид, иштирок намуд.
Зимни суханронии хеш Вазири кишоварзӣ муҳтарам Зиёзода Сулаймон қайд намуд, ки дар шароити бӯҳрони ҳамагирии Ковид-19 ва буҳрони озуқаворӣ, ки солҳои охир бештар ба вуқуъ мепайванданд, масъалаҳои амнияти озуқаворӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории исломӣ аҳамияти бештар пайдо кардааст.
Муҳтарам Зиёзода Сулаймон пешниҳод намуд, ки ҷиҳати рафъи оқибатҳои манфии ҳамагирии Ковид-19 ва эҳёи механизмҳои мавҷудаи ҳамкорӣ тадбирҳои муштарак андешида шаванд.