Вохӯрии Сафир бо ҳамватанони муқими шаҳри Киев

30.05.2022 07:22

Санаи 14 майи соли 2022 вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо ҳамватанон муқими шаҳри Киев баргузор гардид.

Зимни суҳбат Сафир роҷеъ ба вазъияти будубоши ҳамватанон дар Украина маълумот дод. Роҷеъ ба эвакуатсияи ҳамватанон аз Украина дар шароити ҳолати ҳарбӣ иттилоъ дода, Сафир зикр намуд, ки шурӯъ аз оғози амалиётҳои ҷангӣ қариб дуюним ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Полша, Молдова, Руминия ва Словакия қаламрави ин кишварро тарк карданд. Дар навбати худ, қисме аз онҳо мустақилона ё тавассути рейсҳои махсуси ҳавопаймоӣ ба ватан баргашта, қисми дигар дар кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурдаанд, то бо расидани рӯзҳои осоишта ба Украина баргарданд. Дипломати тоҷик гуфт, ки теъдоди муайяни шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохили Украина ба вилоятҳои нисбатан бехавф кӯчида, ҳоло тадриҷан ба қойҳои зисти худ бармегарданд ва фаъолияти худро идома медиҳанд.

Д.Назризода зикр намуд, ки Сафорат дар шароити ниҳоят душвор ба фаъолияти шабонарӯзӣ гузашта, ҳамеша бо ҳамватанон дар тамос буд, супориши Ҳукумати Тоҷикистонро дар мавриди кумак расондан ба шаҳрвандон иҷро намуд. Ӯ гуфт, ки Сафорат ба шаҳрвандон пеш аз ҳама ёрии машваратӣ расонида, дар ҳолатҳои зарурӣ ҳуҷҷат омода мекард, баъзе шаҳрвандон, ки миёнашон донишҷӯён низ буданд, аз минтақаҳои амалиёти ҷангӣ тавассути кушодани долонҳои гуманитарӣ бароварда шуданд. Дар маҷмӯъ, дар ин марҳила ягон шаҳрванди ҷумҳурӣ талаф наёфт, ҳамаи хоҳишмандон саривақт ба ҷойҳои бехатар кӯчиданд.

Сафир қайд намуд, ки айни замон раванди муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи Украина ҷиддан коҳиш ёфта, бозгашти онҳо қувват гирифтааст.

Д.Назризода роҷеъ ба муносибатҳои байни Тоҷикистону Украина маълумот дода, зикр намуд, ки ба сабаби ҳодисаҳои се моҳи охир раванди ҳамкориҳо халалдор гардид, вале рӯзҳои охир гуфтушунидҳо бо ҳамёрони тиҷоратӣ оғоз шуданд ва Сафорат барои рушду тавсеаи онҳо кӯшиш хоҳад кард.

Сафир ба он ҳамватаноне, ки дар рӯзҳои вазнин ба ниёзмандон кумак расонданд, изҳори сипос намуд. Ӯ саҳми ҳамватанони бурунмарзиро ҳамчун шарикони рушд дар пешрафти иқтисодии Тоҷикистон, инчунин муаррифии мусбии симои Тоҷикистон дар кишвари иқомат муҳим арзёбӣ намуда, дар ин раванд муттаҳидии беш аз пеши онҳоро омили муҳим номид.

Ба таваҷҷуҳи ширкаткунандагон расонида шуд, ки дар сурати пайдо шудани мушкилот дар қаламрави Украина онҳо метавонанд ба Сафорат аз рӯи хатти алоқаи доимии рақами +380933361040 ё ин ки тариқи шабакаи иҷтимоии Телеграмм шабонарӯз муроҷиат кунанд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Сафир ба саволҳои ҳозирин посух дод.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg