Иштироки Сафири Тоҷикистон дар маросими видоъ бо аввалин президенти Украина

30.05.2022 08:05

17 майи соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода ҳамроҳи роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Киев дар маросими видоъ бо аввалин президенти Украина Леонид Кравчук ширкат варзид.

Маросими видоъ дар Маркази миллии «Хонаи Украина», воқеъ дар маркази шаҳри Киев баргузор гардид ва дар он роҳбарияти олии Украина, шумораи зиёди ходимони давлатӣ, олимон, зиёиён, роҳбарони ҳайати дипломатӣ, намояндагони аҳли ҷамъиятӣ ва сокинони Киев иштирок доштанд.

Леонид Макарович Кравчук 10 майи соли 2022 дар сини 88-солагӣ даргузашт. Саҳми ӯ дар ташаккули Украинаи соҳибистиқлол бузург аст. Маҳз таҳти раёсати ӯ 24 августи соли 1991 Радаи Олии ҶШС Украина Санади истиқлолияти Украинаро қабул кард. 1 декабри соли 1991 Леонид Кравчук Президенти Украина интихоб шуд ва то соли 1994 дар ин мақом буд. 8 декабри соли 1991 ӯ яке аз имзокунандагони Созишномаи таъсис додани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буд, ки асоси пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ гардид. Дар солҳои 1990, 1994, 1998 ва 2002 Леонид Кравчук вакили мардумии Украина интихоб шуд. Соли 2020 президент Владимир Зеленский ӯро раҳбари ҳайати Украина дар Гурӯҳи тамоси сеҷониба оид ба ҳалли осоиштаи вазъияти Донбасс таъин кард. Леонид Кравчук Қаҳрамони Украина буд.

IMG-20220517-WA0007.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg