27 сентябри соли 2022 дар ш.Кишинёв мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова Давлаталӣ Назризода бо Котиби давлатии (муовини вазир) Вазорати иқтисод ва инфрасохтори Ҷумҳурии Молдова, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Молдова оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ Вадим Гумене сурат гирифт.
Дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамоии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Молдоваро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба таҳким ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, афзоиш додани табодули мол, мустаҳкам кардани пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкориҳо ва баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.