7 октябри соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Директори генералии Корпоратсияи миллии украинии иқтисодии хориҷии «Важмашимпекс» Евгений Козик сурат гирифт.
Зимни суҳбат масъалаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштарак, татбиқи лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёнаи ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамкорӣ доир гардид.
