Бинобар сабаби муайян намудани теъдоди умумии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни ҳол дар қаламрави Украина қарор доранд, Сафорат тасмим гирифтаст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба рӯйхат гирад. Аз ин лиҳоз, аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки маълумот зерин:
Ному насаб, рӯз, моҳ ва соли таваллуд, инчунин рақами телефони тамосро ҷиҳати сабти ном ба суроғаи электронии Сафорат: tajembkyev@mfa.tj ё ба рақами мобилӣ: +380 93 336 10 40 ирсол намоянд.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳои иловагӣ ё маслиҳат, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба рақамҳои телефонии доимамалкунанда дар тамос шаванд.
Тел: + 38 044 390 8998 (аз 09:00 то 18:00)
Моб. +380 93 336 10 40 (шабонарӯзӣ)