14 декабри соли 2022 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Президенти Академияи технологии Украина Игор Половников сурат гирифт.
Зимни суҳбат ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба мавриди муҳокима қарор гирифта, роҷеъ ба таҳким ва густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Украина дар самтҳои илму маориф, роҳандозии ҳамкорӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи технологии Украина диққати махсус дода шуд.