Боздиди Сафири Тоҷикистон аз осорхонаи «Як кӯча»

18.01.2023 17:45

17 январи соли 2023 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо даъвати ҷониби украинӣ, аз намоишгоҳи осорхонаи «Як кӯча»-и шаҳри Киев боздид ба амал овард.

Директори осорхона Д.Шленский чорабиниро оғоз намуда, роҷеъ ба муҳимияти намоишгоҳи ниқобҳои шахсиятҳои машҳур ва фаъолияти осорхона маълумоти муфассал дод. Сипас ҳозирин бо нигораҳои осорхона шинос шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки осорхона соли 1991 таъсис дода шудааст ва нигораҳои он ба таърихи кӯчаи Андреевск (нишебии Андреевск) ва сокинони он бахшида шудааст. Нигораҳои асосии осорхона аз ашёи рӯзгор, сарулибос, асбобҳои мусиқӣ, китобу суратҳо ва дигар чизҳои аз сокинони солҳои гуногуни кӯчаи Андреевск иборат буда, инъикоскунандаи таърих ва ҳолатҳои ҷолиби зисту фаъолияти сокинони он мебошанд.

Дар баробари ин маъмурияти осорхона шурӯъ аз соли 2002 ҳамчунин ниқобҳои пасазмаргии шахсони шинохтаи сиёсию фарҳангии кишварҳои гуногуни ҷаҳонро ҷамъоварӣ намудааст, ки ҳоло шумораи онҳо ба 335 мерасад. Ҷолиб аст, ки миёни онҳо ниқобҳои пасазмаргии ду қаҳрамони халқи тоҷик - Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода низ ба намоиш гузошта шудаанд.

Дар чорабинӣ роҳбарони як қатор намояндагиҳои дипломатӣ, намояндагони доираҳои илмию фарҳангии Киев иштирок доштанд.

D-Nazrizoda-bo-direktori-osorkhona.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg