Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо президенти Конфедератсияи аграрии Украина

25.01.2023 05:48

 

24 январи соли 2023 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо президенти Конфедератсияи аграрии Украина, раиси Шӯрои соҳибкорони назди Девони Вазирони Украина Леонид Козаченко баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат доираи васеи масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории корхонаҳои бахши агросаноатии Украина бо субъектҳои хоҷагидории Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки барои тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманд ҳарду давлат зарфияти васеъ ва имкониятҳои истифоданашуда доранд. Ҷонибҳо барои рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва афзоиши гардиши мол байни ду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштарак, нуқтаҳои савдои маҳсулоти агросаноатии Украина, ва инчунин филиалҳои бонкҳои украиниро дар қаламрави Тоҷикистон зарур донистанд.

Бояд гуфт, ки Конфедератсияи аграрии Украина иттиҳодияи ҷамъиятӣ буда, ба ҳайати он ташкилотҳои касбии соҳавӣ, ширкатҳо-лидерҳои тиҷорати аграрӣ, истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, савдогарони ғалла, корхонаҳои коркард ва ҳамзамон, ташкилотҳои суғуртавӣ ва хизматрасонии соҳаи агросаноатӣ шомил ҳастанд.

20230124-121739.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg