Изҳори таслият дар Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Украина

10.02.2023 17:28

10 феврали соли 2023 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода дар Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар шаҳри Киев ба давлат ва мардуми Туркия дар иртибот ба фоҷеаи заминларзаи шадид дар он кишвар изҳори таслият намуд.

Сафири Тоҷикистон паёми ҳамдардиро дар китоби таъзия, ки ба ин муносибат дар Сафорат боз шуда буд, дарҷ карда, ба хешу ақрабои қурбониён ҳамдардӣ ва барои маҷрӯҳон шифои комил орзу намуд. Илова ба ин, Сафири Тоҷикистон бо Сафири Туркия дар Украина Ягмур Ахмет Гулдере вохӯрда, изҳори ҳамдардӣ баён кард.

IMG-3725.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg