6 марти соли 2023 машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохторӣ дар шакли маҷозӣ баргузор гардиданд.
Зимни машваратҳо ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Молдоваро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, маориф, фарҳанг ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Ҷиҳати анҷоми иқдомҳои муштараки мақомоти сиёсати хориҷӣ барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Молдова изҳори омодагӣ карда шуд.
Машваратҳо ба 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова бахшида шуданд.
Дар машваратҳо ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова Давлаталӣ Назризода иштирок ва суханронӣ намуданд.


